


СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “СУҒД АГРО ТРЕЙД”
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки санаи 20 майи соли 2025 дар доираи баргузории Пресс-тур дар МОИ “Суғд” боз як субъекти нав бо номи ҶДММ “Суғд Агро Трейд” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро дар ҳузири меҳмонон ба роҳбарияти корхона супориданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Суғд Агро Трейд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Отабобоев Зокиржон таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба коркард ва банду басти биринҷ бо технологияҳои инноватсионӣ (лазерӣ) равона гардида, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1600 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва намояндагони ВАО ба роҳбарияти корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхона нав иброз намуданд.

БАРГУЗОРИИ ПРЕСС-ТУР ЯКҶО БО НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА (ВАО) ВА БЛОГЕРОНИ МАҲАЛЛӢ БАҲРИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ “СУҒД”
Санаи 20 майи соли 2025 тибқи барномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маъмурияти МОИ “Суғд” баҳри баргузории Пресс-тур бо намояндагони ВАО ва блогерони маҳаллӣ якҷо бо намояндагони ВРИС бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро бо руҳияи баланди меҳмондустӣ истиқбол намуда, доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” ба ҳозирин маълумот доданд ва намояндагони ВАО ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият Раҳимова У, ба меҳмонон тариқи муарифинамоии электронӣ (Презентация) маълумот пешниҳод гардид. Инчунин Роҳбари Маъмурият аҳли меҳмононро баҳри ҳамкорӣ, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ҶДММ “Сайр Суғд”, МТҒ Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ, ҶДММ “Саманди Суғд” ва “Сайёҳи Суғд” дидан намуда, аз ҷараёти рафти истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои мазкур аз наздик шинос шуда наворбардорӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти боздид меҳмонон аз роҳбарияти корхонаҳо оиди фаъолият дар МОИ “Суғд” ва бартариву имтиёзҳои андозиву гумрукӣ иттилоъ гирифтанд. Инчунин кормандони корхонаҳо низ аз шароити хуби корӣ изҳори миннатдории хешро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таваҷӯҳашон нисбати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар мамлакат ва ба ин васила зиёд намудани шумораи ҷойҳои кори холӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ТАҲТИ РОҲБАРИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ РУШДИ СОДИРОТ “ҚЫРГЫЗ ЭКСПОРТ” ТАКИРОВ У.К. БА Маъмурияти МОИ “СУҒД”

Суханронии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. тариқи вохурии маҷозӣ (онлайнӣ) бо аъзои Шурои соҳибкорони Россия -Тоҷикистон дар “Kazan Forum”-2025.

Шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”



1

Баргузории Дави миллӣ дар вилояти Суғд

ТАШРИФИ ДИРЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ ШАҲРИ СИНҶАНГИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ХОНУМА ВАН ЛИСЯН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Санаи 14 майи соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» Директори Донишкадаи экология ва географияи шаҳри Синҷанги Ҷумҳурии Халқии Чин Хонума Ван Лисян бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва робитаҳои иқтисодии МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият Раҳимова У, ба меҳмонон тариқи муарифинамоии электронӣ (Презентация) маълумот пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо доир ба корхонаҳои муштараки тоҷикию хитоӣ ва ё хусусии хитоӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” фаъолияткунанда ва ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи хитоӣ гуфтушунид намуда, баҳри дар оянда боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои иқтисодӣ ибрози ақида намуданд. Дар охир меҳмонон аз фаъолияти яке субъекҳои МОИ “Суғд” ҶДММ “Азияполитекс” дидан намуда, бо масъулини корхонаи мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.

Ташрифи Меҳмонон аз Ҷумҳурии халқии Чин ба МОИ “Суғд”
Ҳафтаи ҷорӣ ташрифи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Халқии Чин, Shiqiang Song, Shiyong Song ва Ren Baozhen ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” баргузор гардид. Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи бинои Маъмурият пешвоз гирифта, дар бораи афзалият ва бартариятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Ҳамчунин аз ҷониби Роҳбарият доир ба субъектҳое, ки сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони хитоӣ дар МОИ “Суғд” таъсис дода шудаанд, маълумоти мушаххас дода шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти корхонаҳои худ гуфтушунид намуданд ва дар оянда иқдоми субъекти МОИ “Суғд” шуданро қайд намуданд.

Таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Хуҷанд
Санаи 9-уми майи соли 2025 бахшида ба таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба, дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ, бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия, Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” таҳти роҳбарии Роҳбари МД МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок дошта бо гулчамбаргузорӣ ва эҳтиром ба хотираи шаҳидони ҷанг ёдбуд ба ҷо оварданд.