Ҷаласаи кормандони Маъмурият бахшида ба Иди “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷаласаи кормандони Маъмурият бахшида ба Иди “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барпо гардид. Сараввал Роҳбари Маъмурият Камолиддинзода И. аҳли нишастро бо ҷашни “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуда, қайд кард, ки Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст. Қабул шудани ин сана бе сабаб нест зеро, ки ба саҳифаҳои таърих назар кунем санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Сипас суханро ба Муовини аввали худ Зикриёзода С. ҷиҳати қироати маърӯза доир ба мавзӯи ҷаласа дод.
Зикриёзода С. дар оғози маърӯзаи худ доир ба қабул шудани ин Ид дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ронда қайд намуд, ки мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.
Дар давоми сухани худ Зикриёзода С. дар бораи хизматҳои шоистаи Пешвои Миллат ва обруву нуфузи ин шахси барӯманд дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор шинохта шудааст сухан ронда, заҳматҳои ояндабинонаи роҳбари кишварро баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва муаррифӣ кардани Тоҷикистонро ба ҷаҳониён эътироф намуд.
Аз номи роҳбарияти Мамурияти МОИ “Суғд” кулли мардуми кишвари азизамонро бо иди “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем.
Маълумоти бештар