Супоридани Тасдиқнома ба субъекти нави МОИ «Суғд» ҶДММ “Суғдиёна Агро”
Санаи 16 июни соли ҷорӣ, дар ҷаласаи Комиссия Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баррасии бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои самоягузории довталабон барои гирифтани тасдиқномаи мақоми субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ лоиҳаи ҶДММ “Суғдиёна Агро” баррасӣ гардида, ташкили истеҳсоли басту банд ва коркарди меваи хушк дар ҳудуди МОИ “Суғд” тасдиқ карда шуд.
Ҳадафи лоиҳа таъсиси корхонаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ҷиҳати коркард ва бастубанди писта, чормағз ва кешю мебошад.
Мавриди зикр аст, ки корхонаи мазкур дуюмин субъекти МОИ «Суғд» ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби сармоягузорони кишвари ҳамҷавори ба мо дӯст-Ӯзбекистон ташкил карда шудааст.
Лоиҳаи корхонаи истеҳсолӣ бо ҷалби сармоягузории беш аз 500 ҳазор доллари ИМА амалӣ карда шуда, раванди истеҳсолот бо истифодаи таҷҳизоти замонавӣ ва услубҳои коркарди аз лиҳози экологӣ бехавф ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин баъд аз оғози фаъолият зиёда аз 25 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд.
Аз рӯи гуфтаи масъулини корхона, маҳсулоти тайёри ҶДММ «Суғдиёна Агро» ба бозорҳои кишварҳои ИДМ содир карда шуда, ба роҳандозии содирот ба кишварҳои Аврупо низ дар оянда ба нақша гирифта шудааст.
Санаи 18 июни соли ҷорӣ, дар бинои Маъмурияти МОИ «Суғд» маросими супоридани Тасдиқномаи мақоми субъект ба корхонаи навтаъсис баргузор гардид. Роҳбари Маъмурият Камолиддинзода И. ба роҳбарияти субъекти нав муваффақият ва дастовардҳои бузургро таманно намуд.
Маълумоти бештар