Шӯъбаи иттилоот

Боздиди меҳмонон дар доираи форуми “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” аз фаъолияти МОИ “Суғд”.

Боздиди меҳмонон дар доираи форуми “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” аз фаъолияти МОИ “Суғд”.

Санаи 18 октябри соли ҷорӣ дар доираи форуми “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” гурӯҳи соҳибкорон бо роҳбарии Президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов  аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” дидан намудаанд.

 

 

Маълумоти бештар
Боздиди директори Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ-и Россия Шпиленко Андрей Викторович ба МОИ “Суғд”

Боздиди директори Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ-и Россия Шпиленко Андрей Викторович ба МОИ “Суғд”

4 октябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ Россия Андрей Викторович Шпиленко ва кормандонаш  аз МОИ «Суғд» дидан карданд.

         Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Зикриёзода Суҳроб ба меҳмонон дар бораи фаъолияти МОИ «Суғд», хусусан дар бораи фазои сармоягузорӣ, имтиёҳои андозӣ, инфрасохтор, самтҳои афзалиятноки фаъолияти МОИ, лоиҳаҳои барои беҳтар кардани ҷолибияти  инвеститсионӣ равонагардида, маҳсулоти истеҳсошаванда дар субектҳо ва дигар масъалаҳо маълумот дод.

        Дар вохӯрӣ инчунин роҳбарон ва мутахассисони шӯъбаҳои Маъмурияти МОИ «Суғд» иштирок карданд, ки ба меҳмонон дар бораи фаъолияти шӯъбаҳои худ маълумоти муфассал доданд.

         Дар навбати худ, Андрей Шпиленко барои маълумоти пурра изҳори миннатдорӣ карда, дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ, ки ба нафъи ҳарду ҷониба мебошанд, қайд кард.

          Меҳмонон инчунин қайд карданд, ки онҳо дар идомаи ҳамкорӣ кушиш хоҳанд кард, то дар рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тадқиқот ҳамкорӣ кунанд, таҷрибаҳои байналмилалиро амалӣ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ якдигарро дастгирӣ ва кӯмак расонанд.

         Дар идомаи вохӯрӣ барои меҳмонон боздид аз як қатор корхонаҳои ҳудуди минтака ташкил карда шуд, ки онҳо бо фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои ҶСК “Ариана Метал Пласт”, ҶДММ “Фартуна и КО” ва  ҶДММ «Тадж Проф» шиносои пайдо намудаанд.

        Қобили зикр аст, ки будубоши коршиносони Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ-и Россия дар МОИ «Суғд» бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРСММ сурат гирифт.  

Маълумоти бештар
Ташрифи намояндагони Агентии Ҷопон оид ба  ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон ба  МОИ “Суғд”

Ташрифи намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”

1 октябри соли 2021 бо мақсади шиносоӣ бо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории Байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон бо сардории мушовири Агентии Ҷопон оид ба  ҳамкории Байналмилалӣ Хироми Ниино бо ҳамроҳии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.

Дар оғози вохӯрӣ ба меҳмонон аз ҷониби муовини якуми роҳбари Маъмурияти  МОИ “Суғд” оид ба фаъолияти МОИ “Суғд” маълумот дода шуда, дар рафти он масъалаҳои ҷолиби диққати меҳмонон махсусан масъалаҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳо ҷихати фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон муҳокима карда шудаанд.

Дар навбати худ меҳмонон оид ба самти фаъолияти кории худ ва нақшаҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ирози ақида намуда, инчунин омодагии худро дар ин самт барои мусоидати рушди ояндаи МОИ «Суғд»  иброз намудаанд.

Ҳамзамон меҳмонон ба як қатор корхонаҳои ҳудуди МОИ «Суғд» ташриф оварда аз фаъолияти онҳо шинос гардиданд.

Маълумоти бештар
Вохӯрии доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия дар МОИ “Суғд”

Вохӯрии доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия дар МОИ “Суғд”

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд санаи 19 августи соли равон ба МОИ “Суғд” ҳайати доираҳои тиҷоратӣ аз Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Воӯри дар Маъмурияти МОИ «Суғд» сурат гирифта дар он самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима карда шуданд.

Дар музокирот аз ҷониби Зикриёзода С. – муовини якуми Роҳбари Маъмурият – презентатсия дар бораи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ироа карда шуд.

Дар натиҷаи муаррифӣ, ҷонибҳо ба муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду тараф гузаштанд.

Дар ҷараёни мулоқот меҳмонон ба як қатор корхонаҳои ҳудуди МОИ «Суғд» ташриф оварда, бо маҳсулоти истеҳсолшуда ошно шуданд.

Маълумоти бештар
Ташрифи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд санаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу санаи 5 августи соли ҷорӣ ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф намуд.

Дар оғози вохӯрӣ ба меҳмонон маълумот оид ба фаъолияти МОИ “Суғд” дода шуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҷолиби диққати меҳмонон муҳокима карда шуд. Махсусан, масъалаҳои фароҳам овардани боз ҳам шароити мусоид барои сармоягузорон тариқи барқарор намудани инфрасохтор, лоиҳаҳои рушд ва ғайра муҳокима карда шудаанд.

                
Яке аз масъалаҳои баррасишуда дар вохӯрӣ, ки ба он диққати асосии ҳарду ҷониб равона гардид,  ин ҷори намудани нақшаҳои рушди иқтисодии «сабз» дар раванди истеҳсолот, ки он барои баланд бардоштани самаранокии ва сарфакории барқ дар раванди истеҳсолоти субъектҳои МОИ буд. Инчунин дар рафти вохӯри ҷиҳатҳои мусбии ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур дида шуда, қайд гардид, ки он барои паст намудани хароҷоти корхона ва беҳтар намудани вазъи экологии минтақа  равона месозад.

                       

Дар навбати худ хонум Сезин Синаноглу барои қабул изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ин нахустин сафари ӯ ба МОИ “Суғд” буда, ва ният дошт, ки оиди рушд ва фаъолияти МОИ, амалишавии лоиҳаҳои афзалиятнок хабардор гардида ва зикр намуд, ки тамоми кӯшишҳоро барои пешниҳоди маълумот дар бораи фаъолияти МОИ «Суғд» дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ равона хоҳад кард.

Дар ҷараёни сафар меҳмонон аз як қатор корхонаҳои ҳудуди МОИ  “Суғд” дидан карда, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳо шинос шуданд.

Маълумоти бештар
Ташрифи намояндагони мақомоти вилояти Челябински Федератсияи Русия ба МОИ “Суғд”

Ташрифи намояндагони мақомоти вилояти Челябински Федератсияи Русия ба МОИ “Суғд”

23 июли соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии худ ба вилояти Суғд, ҳайати намояндагии вилояти Челябински Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод Д.С.Грухарев ба МОИ “Суғд”ташриф овард.

Барои баррасии самтҳои имконпазири ҳамкорӣ бо МОИ «Суғд» дар Маъмурияти МОИ гуфтугӯи дуҷониба сурат гирифт. Мавзӯъи асосии вохӯрӣ бештар ба муҳокимаи масъалаи ташкли равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни вилояти Челябинск ва МОИ «Суғд» нигаронида шуд.

Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И. ба меҳмонон маълумот оиди фаъолияти МОИ «Суғд», махсус оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионии МОИ, лоиҳаҳое, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷалби сармоягузорон равона шудаанд, маълумот дода инчунин оиди маҳсулотҳои истеҳсолшавандаи субъктон ҳарф зад.

Зимни шиносоӣ меҳмонон оиди бартариҳо ва ҷиҳатҳои манфиатбахши ҳамкории дуҷониба ибрози ақида намуданд. Инчунин дар навбати худ меҳмонон қайд карданд, ки аз ҷониби худ барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни тарафҳо барои рушди таҳкими муносибатҳои Русияву Тоҷикистон кумаки худро мерасонанд.

Барои меҳмонон боздид аз яке аз корхонаҳои бузурги минтақа, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюмини “Тоҷ Проф” ташкил карда шуд, ки дар он директори ширкат Ҷалолов Ҷ. оиди фаъолият ва маҳсулоти истеҳсолшаванда маълумот пешниҳод намуд.

          

Меҳмонон инчунин аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли локу ранги “Силкоат Бойя” ва корхонаи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи “Ариана Металл Пласт” шинос шуданд.

Маълумоти бештар
Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи соли 2021

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи соли 2021

21 июли соли 2021 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО-и маҳаллӣ баргузор гардид.

Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И. ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ «Суғд» дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълумот дод.

Дар рафти нишасти хабарӣ аз тарафи роҳбари Маъмурият зикр гардид, ки имрӯз дар МОИ «Суғд» аз 30 субъекти бақайд гирифта шуда, 15-тои он ба фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ машғуланд.

 Камолиддинзода И. роҳбари Маъмурият зикр намуд, ки новобаста аз пандемияи сирояти COVID-19 нишондиҳандаҳои фаъолияти истеҳсолии субъектҳои МОИ “Суғд” тамоюли рушд дошданд. Масалан, маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи аввали соли 2021 ба 118,2 млн. сомонӣ баробар  гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020  180,4 фоиз ё 52,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.       

Инчунин қайд намуд, ки дар ин давраи соли ҷорӣ ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар МОИ “Суғд”  ба 664,8  ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли  2020 2,6 маротиба зиёд гардидааст. Дар моҳҳои январ – июни соли 2021 дар МОИ “Суғд” ҳаҷми хизматрасонӣ ба 1600,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, нисбат ба ҳамин давраи  соли  2020 102,8 фоизро ташкил додааст. Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар  шаш моҳи соли 2021 ба 10,8 млн сомонӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 122,7 фоиз (8,8 млн сомонӣ зиёд.

Инчунин қайд гардид, ки дар МОИ «Суғд»  миқдори умумии ҷойҳои корӣ аз оғози фаъолият ба 716 нафар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 110 ҷойҳои корӣ нав ташкил шудааст.  

Инчунин Камолиддинзода И. илова намуд, ки дар охири моҳи июни соли равон дар Маъмурияти МОИ «Суғд» маросими супоридани Тасдиқнома ба субъекти нав баргузор гардид, ва қайд намуд, ки ҳуҷатҳои дахдори боз як субъекти дигар барои баррасӣ ба Комиссия оид ба баррасии бизнес – нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон барои гирифтани мақом Субъекти МОИ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.        

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Роҳбари Маъмурият ба ҳамаи саволҳое, ки тарафи намояндагони ВАО дода буданд, посухи пурра дод.

       

         Рӯзноманигорон асосан ба мавзӯъҳои рафти фаъолияти субъетони минтақаи озоди иқтисодӣ, рақобаноки ва содироти маҳсулоти истеҳсолшавандаи онҳо ба хориҷи кишвар, таъсири Covid-19 ба фаъолияти корхонаҳои МОИ Суғд ва нақшаҳои оянда таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

          Дар итмом Камолиддинзода И. қайд кард, ки Маъмурияти МОИ «Суғд» барои амалишавии ҳадафҳои дар назди МОИ «Суғд» гузошташуда, чораҳои зарури андешеда истодаат.

Маълумоти бештар
ҶДММ “Хуҷанд Пласт” мақоми субъекти МОИ “Суғд” гардид

ҶДММ “Хуҷанд Пласт” мақоми субъекти МОИ “Суғд” гардид

Лоиҳаи истеҳсоли плинтусҳои ПВХ ва масолеҳи сохтмонӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 30 июл дар ҷаласаи Комиссия Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба баррасии  бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои самоягузории довталабон барои гирифтани тасдиқномаи мақоми Субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ гардида, дастгири ёфт.

Ташаббускори лоиҳаи мазкур ҶДММ «Хуҷанд Пласт» буда, ҳаҷми лоиҳаи сармоягузорӣ 7500000 сомонӣ ё ин ки 680 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар баробари таъмин намудани бозори дохилӣ, маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкат ба давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Афғонистон, Русия, Украина, Беларус ва кишварҳои Аврупо низ содирот карда мешаванд.

Ширкат бо истифода аз технологияҳои пешрафта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида шудааст, ки иқтидори маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкат 200 ҳазор тонна дар як сол буда, дар ҳолати ба пурраги истифодаи иқтидори корхона 200 нафар ба кори нав ҷалб карда мешаванд.

   

9 июли соли ҷорӣ дар Маъмурияти МОИ «Суғд» ба корхонаи нав маросими супоридани тасдиқнома  бо тасдиқи мақоми субъекти МОИ  баргузор гардид. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. ба роҳбари ширкати нав муваффақиятҳо ва комёбиҳои навро таманно намуд.

Маълумоти бештар
РУЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК

РУЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК

Мардуми шарифи кишвар Рӯзи Ваҳдати миллиро чун сарчашмаи таъмини сулҳ, ризояти миллӣ ва сарҷамъии мардум қадр намуда, дастовардҳои таърихии онро ҳифз менамояд.

         Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ маҳсули гуфтушунидҳои тулонӣ буда, ба худ номи Ваҳдатро гирифта, ба дарахти азиме табдил ёфтааст, ки ҳар сол самари он зиёду шӯҳрати ҳастиаш бештар мегардад.

     Ба рӯзи Ваҳдати миллӣ Шумо ва дар шахсияти Шумо аҳли кормандон ва пайвандонатонро табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасию пойдории Ваҳдати халқи азизамон дар дили ҳар шаҳрванд маскан гирад ва ваҳдати мардуми мо ҷовидонаю оламгир шавад.

Рӯзи ваҳдати миллӣ, муборак!

Бо эҳтиром,

Маъмурияти МОИ “Суғд”                           

 

Маълумоти бештар
loading