Ташрифи Директори Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Федератсияи Россия Кулдашев Тахир Бахридинович якҷо бо соҳибкорони ин вилоят аз МОИ “Суғд”.
Санаи 27 апрели соли 2022 Муовини якуми Роҳбари Маъмурият Зикриёзода С., директори Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Федератсияи Россия, инчунин соҳибкорони ин вилоятро, ки ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд бо шароиту имкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуд.
Ҳамзамон меҳмонон дар доираи ташриф аз фаъолияти ҶСК “Ариана металл пласт”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Боля” дидан карданд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийски Федератсияи Россия ва корхонаҳои МОИ “Суғд” оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти таъмини ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр аз МОИ “Суғд” ба мувофиқа расиданд.