НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МОИ “СУҒД” ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2021
Имрӯз дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар соли 2021 баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми Роҳбари Маъмурият Зикриёзода Сӯҳроб ба намояндагони ВАО оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд”иттилло дод.
Зимни баромад қайд карда шуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Нақшаи кории минтақа барои соли 2021 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуд.
Дар натиҷа соли 2021 дар МОИ “Суғд” 2 субекти нав ба қайд гирифта шуда, 4 субект фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ монда, шумораи субектҳои фаъолиятдошта аз 14 адади соли 2020 то ба 18 адад баробар гардид.
Дар ин замина маҷмўи маҳсулоти саноатии МОИ “Суғд” 295,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 111,2 млн. сомонӣ ё 60,3 фоиз зиёд аст.
Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ бошад дар ин давра 5745,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 24,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаљми маҳсулоти содиротии субъектҳо 105,2 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 61,7 млн. сомонӣ ё 2,4 маротиба зиёд гардид.
Дар соли 2021 субъектҳои МОИ “Суғд” маҳсулотҳои худро асосан ба Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Олмон, Ироқ, Туркия, Россия ва Аморати Муттаҳидаи Арабистон содирот карданд.
Дар соли 2021 ҳаҷми сармоягузории мустақим дар МОИ “Суғд” 18,1 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 1,2 млн. сомонӣ ё 7,1 фоиз зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 115,2 млн. сомонӣ баробар гардид.
Дар соли 2021 шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» ба 774 нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 (668 нафар) 106 ҷойи корӣ ё 15,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар соли ҷорӣ аз ҷониби субъектҳои МОИ “Суғд” ба буҷети давлат аз ҳисоби пардохти андозҳои дахлдор (андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ) 5,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2020 0,9 млн. сомонӣ ё 20,4 фоиз зиёд аст.
Дар ин давра ҳаҷми пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет аз ҳисоби субъектҳои МОИ “Суғд” 31,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 10,8 млн. сомонӣ ё 51,4 фоиз зиёд мебошад.
Зикриёзода Сӯҳроб дар нишати матбуоти иттило дод, ки Маъмурият МОИ «Суғд» дар соли 2021 ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ бо намояндагон ва соҳибкорони давлатҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналхалкӣ, аз ҷумла Раиси Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия муҳтарам Сергей Катирин, Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон муҳтарам Мишел Тарран, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманн, директори Ассотсиатсияҳои кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ-и Федератсияи Россия муҳтарам Андрей Викторович Шпиленко, доираҳои сармоягузорону соҳибкорони вилояти Челябински Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия, вилояти Липетски Федератсияи Россия, вилояти Красноярски Федератсияи Россия, вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Рохбари намояндагии доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Сезин Синаноглу, мушовири Агентии Ҷопон оид ба Ҳамкории Байналмиллалӣ (JICA) дар Тоҷикистон муҳтарам Хироми Ниино вохуриву гуфтушунидҳо анҷом доданд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷхизотҳо дар якчанд субъектҳо ва ободонии ҳудуди МОИ “Суғд” бо ҷараён идома дошта Роҳбарият ва кормандони Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ҳамарӯза ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар”, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022 –2026 «Солҳои рушди саноат» тадбирҳои судманд амалӣ намуда истодаанд.