Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даҳсолагии худро ҷашн гирифтанд
Санаи 11 октябри соли ҷорӣ, Қасри фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дарҳои худро ба иштирокчиёни Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018”, ки бахшида ба даҳсолагии таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид, боз намуд.
Дар чорабинии мазкур, ки аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” ва шарикони байналмилалии рушд ташкил карда шуд, зиёда аз 350 нафар намояндагони давраҳои соҳибкорӣ, ҷамъиятӣ ва илмӣ иштирок варзиданд, ки байни онҳо намояндагони минтақаҳои озод ва махсуси иқтсодии Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон басо фаъол буданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Анҷуманро ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳори боварӣ намуд, ки Анҷуман ба мустаҳкам намудани алоқаҳои дӯстӣ ва риштаҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят маълумот дода, аз ҷумла чунин қайд намуд, ки маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои хурду калони саноатӣ дар қаламрави вилоят сохта шуда, молу маҳсулоти гуногуни баландсифати ниёзи мардум, воридотивазкунанда ва ба меъёрҳои содирот ҷавобгӯ истеҳсол карда шуда истодаанд. Бе шак дуруст гуфтаанд, ки вилояти Суғд “водии имкониятҳост”.
Дар қисми расмии Анҷуман, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, Муовини роҳбари кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода, Сафири фавқуллода ва мухтори Украида дар Тоҷикистон Виктор Никитюк суханронӣ намуданд. Инчунин, ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии САҲА ва БРСММ, ки шарикони асосии Анҷуман мебошанд, сухан дода шуд.
Дар рафти кори Анҷуман оиди фаъолияти минтақаҳои иқтисодии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия маълумот дода шуд. Аз ҷумла, намояндаи ММИ “Алабуга” Данила Воронин дар баромади худ чунин маълумот дод, ки ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ Ford, Rockwool, HAYAT, Kastamonu маҳз аз лиҳози шароитҳои имтиёзноки фароҳамовардашуда, минтақаи махсуси иқтисодии “Алабуга”-ро интихоб кардаанд. Роҳбарияти минтақаи махсуси иқтисодии «Онтустик», ки яке аз минтақаҳои иқтисодии пешрафтаи Қазоқистон ба ҳисоб меравад, оиди дастовардҳои минтақа сухан намуд. Минтақаҳои иқтисодии Қирғизистон аз ҷониби директори генералии МОИ “Нарин” Гулзат Абдырасулова муаррифӣ карда шуд.
Оиди таърихи ташкилёбии минтақаҳои озод дар Тоҷикистон ва истиқболи онҳо Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Фирдавс Олимзода нақл намуд.
Иштирокчиёни Анҷуман нуқтаи назар ва баҳогузории коршиносонро доир ба рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди Тоҷикистон шуниданд. Таҳлили амиқи худро доир ба ин масъала номзади илмҳои иқтисодӣ Мирпочоев Далер ба иштирокчиён иброз намуд.
Дар кори Анҷуманд намояндаи субъектҳои МОИ “Суғд” Дадобоев Нарзулло – муовини роҳбари раёсати ассотсиатсияи “Кедр”, ки се ширкати аъзои он дар МОИ “Суғд” фаъолият мебаранд оиди таъсисёбӣ, ташакккул ва нақшаҳои минбаъдаи ассотсиатсия баромад намуд. Илхом Сангин, ки на танҳо роҳбари ширкати «Равзана Пластик» буда, балки инчунин ҷонишини роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон мебошад, ба иштирокчиён оиди рӯзҳои нахустини таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамчун механизми мустаҳками ҳаракаткунанда ва таконбахши иқтисодиёти кишвар хизмат мекунад нақл намуда, оиди пешрафти минбаъдаи ин соҳа аз лиҳози биниши ассотсиатсия маълумот дод.
Дар нимаи дуюми рӯзи баргузории Анҷуман, меҳмонон ба МОИ “Суғд” ташриф оварда, аз фаъолияти корхонаҳои Таҷпроф, Арча ва Арча-мебел шинос шуданд. Дар саҳни корхонаи Арча-мебел байни Маъмурияти МОИ “Суғд” ва ММИ “Онтустик” ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Анҷуман бо тақдими тӯҳфаҳо ба шахсоне, ки дар рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, хотима ёфт.