Бахшида ба иди саиди Фитр аз тарафи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба мактаб-интернати махсус барои кӯдакони кар ва шунавониашон суст ба номи Т.Ғаффорови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров дастархони идона ороста шуд.
Санаи 29 апрели соли 2022 ба мактаб-интернати махсус барои кӯдакони кар ва шунавониашон суст ба номи Т.Ғаффорови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ки дар он 314 нафар таълимгирандагон аз тамоми вилоят ба таълим фаро гирифта шудаанд, дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ барои дилхушии кӯдакон ташкил ва гузаронида шуд.