Дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 8 апрели соли 2022 вохӯрӣ бо Директори бонки рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Никулин Николай Николаевич, ҷиҳати муаррифӣ ва пешниҳод намудани хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла пешниҳодҳои қарзӣ бо фоизҳои паст, лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кишвар ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ бо намояндагони субъектҳои МОИ “Суғд” доир гардид.