Дар МОИ «Суғд» боз як корхонаи истеҳсолӣ расман ифтитоҳ гардид
Санаи 24 октябри соли ҷорӣ, субъекти МОИ “Суғд” – ҶСК «Ариана Метал Пласт», ки бо истеҳсоли ашёи металлӣ-пластикӣ машғул аст, расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Маросими кушодашавии корхона бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор сурат гирифт.
Корхона истеҳсоли бозичаҳои бачагонаро, аз ҷумла мошиначаҳо, дучарха, сечарха, фойтунча ва погардакро оғоз намуд. Минбаъд низ бо мурури пешрафти корхона, маҷмӯи маҳсулоти он ба 36 намуд анвоъи гуногуни маҳсулот зиёд карда мешавад, ки аз ашёи рӯзғор, шабодакунакҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёт ва техникаи маишӣ аз пластмасса иборат аст.
Ҳашт хатҳои технологӣ имконияти истеҳсоли маҳсулоти сифатноки аз лиҳози экологӣ бехатарро дода, ҳаҷми истеҳсолӣ зиёда аз 20 млн. сомониро дар як сол ташкил медиҳад.
Корхонаи бузурги саноатӣ майдони 4 гектарро дар ҳудуди МОИ “Суғд” ишғол карда, дорои якчанд коргоҳҳои истеҳсолӣ, бинои маъмурӣ ва анбор мебошад. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Алишер ва Мирзо Умаровҳо таъсис дода шуда, маблағи сармоягузории он аз 14 млн. сомонӣ зиёд аст.
Кор дар ҷамъияти номбурда дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамаи коргарони он пеш аз оғози фаъолият курсҳои махсуси омӯзиширо гузаштаанд. Айни замон дар корхона 100 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, аз сокинони ш. Хуҷанд ва шаҳракҳои гирду атрофи он иборатанд. Баъд аз ба коранандозии хати истеҳсолии нав боз 50 нафар бо ҷои корӣ таъмин карда мешаванд.
Ашёи хоми мавриди истифодабарӣ қароргирифта қисман аз хориҷа, аз ҷумла Хитой ва Эрон ворид карда мешаванд. Аз рӯи ақидаи мутахассисони соҳа, ин аввалин корхонае мебошад, ки ҳама қисмҳои бозичаҳо, дучархаи бачагона ва техникаи маишӣ дар дохили кишвар истеҳсол карда мешаванд. Корхона азм дорад, ки на танҳо бозори қаламрави мамлакатро бо маҳсулоти худ таъмин намояд, балки ба Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Афғонистон низ содирот кунад.
Пешвои миллат баъд аз шиносоӣ аз раванди фаъолияти корхона, ба роҳбарияти он барои дастгирии сиёсати созандандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба онҳо чунин дастур доданд, ки сараввал ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро маҳз сифатнокии маҳсулот метавонад боиси рақобатпазирии молу маҳсулот дар бозорҳои маҳаллӣ ва берун аз мамлакат гардад.