Вилояти Суғд – вилояти маъмурӣ дар таркиби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи қадима ва мавқеъи ҷуғрофӣ мебошад. Аз лиҳози ҷойгиршавии мусоиди худ вилояти Суғд ҳамчун дарвозаи тиҷоратии шимолии Тоҷикистон ва дурдонаи водии Фарғона машҳур аст. Аз ҳудуди вилояти Суғд ҳамаи системаҳои ҳаётбахшандаи водии Фарғона мегузарад. Инҳо роҳҳои оҳан, шабакаи газии байниҷумҳуриявӣ, хатҳои баландшиддати барқӣ ва роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалидошта мебошанд. Вилояти дар иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад. Нуфузи иқтидори саноатӣ ва аграрии ҷумҳурӣ дар ҳамин вилоят баланд аст.
Дар вилояти Суғд саноати коркарди кӯҳӣ, махсусан коркарди металлҳои ранга ва камёб рушд ёфтааст. Дар вилоят корхонаҳои коркарди тилло, нуқра, сурб, руҳ, ангишт, санги хоро, мармар, гаҷ, қуми кварсдор ва дигар манбаъҳои табиӣ мавҷуданд.
Аҳолии вилоят 2,4 млн (2013) буда, 1,6 млн онҳо дар синни қобили меҳнат қарор доранд.