Масъалаҳои асосии рушди минбаъдаи МОИ “Суғд” дар Ярмаркаи байналхалқии савдо баррасӣ шуд
Таҳлили самаранокӣ ва масъалаҳои рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодииТоҷикистон дар чорчӯбаи Ярмаркаи байналмилалии “Суғд -2018”, ки санаҳои 6-7 июли соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, муҳокима карда шуданд.
Намоишгоҳи мазкур, ки ба рукни анъанавӣ даромада аст тӯли панҷ солин ҷониб мунтазам баргузор гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки баргузори ичунин ба рушди тиҷорати байналмилалӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин ба таъсиси ҳамкории самарабахш байни кишварҳои ҳамҷавор ва хориҷи дуруназдик заминаи мусоид мегузорад.
Дар доираи барномаи бизнес-ярмарка, дар қатори дигар анҷуману конфронсҳои тахассусӣ, чорабинии махсус таҳти унвони “Минтақаи озоди иқтисодии Суғд: масъалаҳои мубрами рушд” баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳа, фикру ақидаи илмӣ ва амалии худро доир ба мавзӯъи мазкур баён намуданд.
Сар аввал Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Фирдавс Олимзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида.
Ӯ оиди нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар раванди пеш бурди иқтисодиёти кишвар сухан намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки ба рушди минтақаҳои озод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар давоми сухани худ Олимзода Фирдавс хотиррасон намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор минтақаҳои озоди иқтисодӣамал намуда, ҳамаи онҳо тадриҷан рушд карда истодаанд.
Албатта,бояд қайд та, одаандҳар он ҷое, китараққиёт ҳастмушкилот низ вуҷуд дорад.
Ӯ аз баромадкунандагони чорабинӣ хоҳиш намуд, ки дар баромади худ ба масъалаҳои шарҳи мафҳуми МОИ, нақши он дар рушди бахши иҷтимоию иқтисодии давлат, муносибат бо дигар мақомотҳои давлатӣ, мушкилот ва монеаҳои мавҷуда дар ин соҳа,пешниҳоди механизмҳои амалӣ механизмҳо барои бартараф кардани он мушкилотҳо аҳамият диҳанд.
Баъд аз он, ба таваҷҷӯҳи ҳозирин филми муаррифӣ оид ба имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст, намоиш дода шуд.
Сипас, мутахассисон бо навбат маърӯза намуданд. Баромадҳо Маърӯзачиён чунин идораву муассиса ва мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати андоз дар вилояти Суғд, раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, доираҳои илмӣ, коршиносони мустақил, Маъмурияти МОИ “Суғд” ва субъектҳои МОИ “Суғд”намояндагӣ карданд.
Асосан баромадҳо ба масъалаҳои мубрами минбаъдаи рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ нигаронида шуданд.
Коршинос- мушовир Фаррух Султанов дар бораи татбиқи технологияҳои муосир барои пешбурди фаъолияти МОИ ҳарф зад.
Далер Мирпочоев, номзади илмҳои иқтисодӣ, дар баромади худ бо номи “Роҳнамои такмил додани фаъолияти МОИ “Суғд”: таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ” оид ба таҷрибаи Чин дар одаи рушди МОИ ҳарф зада, се марҳилаи беҳтар намудани низомифаъолияти МОИ, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат менамояд, баён намуд.
Мирзоён Мирзоманон – мудири шӯъбаи муносибатҳои байлалмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурияти МОИ “Суғд” ба диққати иштирокчиён назарияи худро оид ба андешидани чораҳои минбаъда ҷиҳати такмил додани фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”пешкаш намуд.
Намояндагони ташкилотҳои комёб, ки дар ҳудуди МОИ “Суғд”фаъолият мекунанд, аз таҷрибаи худ дар ташкил ва фаъолияти корхонаҳо сухан карданд.
Баъди шунидани ҳамаи гузоришҳо иштирокчиёни чорабинӣ, фикру ақида, тавзеҳот ва назарияҳои худро баҳри рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон баён намуда, ба мутахассисони соҳа бо саволҳои марбути мавзӯъ муроҷиат намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ, Фирдавс Олимзода ба ҳамаи иштирокчиён изҳори сипосгузорӣкарда, пешниҳодҳои дар ин рӯз шунида шударо ҳамчун дастурамали муҳим барои минбаъд низ равнақ додани фаъолияти МОИ арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳама таклифҳо бо назардошти имконияти мавҷуда ба нақшаи дарозмуддати фаъолияти Маъмурият ворид карда хоҳанд шуд.