ТАШРИФИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД
15-уми ноябри соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба МОИ “Суғд” ташриф оварда, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”-ро, ки дар назди ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар рафти шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисон иттилоъ доданд, ки барои омада кардани курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбин аз Италия ва Туркия 47 дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни муосир оварда, васлу насб карда шуд. Дар коргоҳи нав имконияти истеҳсоли то 100 номгӯи курсиҳои нарм ва мебелҳои махсуси чӯбин мавҷуд буда, 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ шуданд.
Дар маҷмуъ иқтидори солонаи коргоҳ 30 ҳазор курсии нарми гуногун буда, раванди тавлиди маҳсулот дар алоҳидагӣ аз якчанд малҳила иборат мебошад.Масъулини коргоҳ иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила бо имконияти мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ мерасонанд.