ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
8 феврали соли 2024 ба МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Сипас, соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” огоҳ шуда, иброз намуданд, ки дар ояндаи наздик дар МОИ “Суғд” хоҳиши субъект шуданро доранд.