Гуфтушунид бо доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея
Санаи 27-уми июли соли ҷорӣ соҳибкорон аз Ҷумҳурии Корея ба минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” барои муҳокимаи имкониятҳои нави хамкорӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чумҳурии Корея ҷаноби Юсуф Шарифзод, Директори Агентии содиротии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат, муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва масъулини дахлдор ҳамроҳӣ карданд.
Муовини якуми роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Сӯҳроб Зикриёзода меҳмононро қабул намуда, ба онҳо оид ба имтиёзҳо, афзалиятҳо ва шароити мусоиди барои сармоягузорони фароьамовардашуда дар МОИ «Суғд» маълумот дод.
Мавзӯъи асосии вохӯрӣ бештар ба масъалаи ташкли равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея нигаронида шуд.
Ба меҳмонон рўнамо ва филм дар бораи МОИ «Суғд» намоиш дода шуда, дар рафти он масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ муҳокима карда шуданд.
Пас аз гуфтушунид меҳмонон аз як қатор субъектҳои МОИ «Суғд» боздид намуда, аз фаъолияти онхо шинос шуданд.