Ҷумҳурии Тоҷикистон –дар Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, аз шимолу ғарб бо Ӯзбекистон, аз шимол бо Қирғизистон, аз шарқ бо Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумии он 143 ҳазор км мураббаъро ташкил медиҳад. Аҳолии он 7 млн 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Қисми зиёди заминҳо дар баландии зиёда аз 3 000 м аз сатҳи баҳр қарор доранд. Нуқтаи баландтарини Тоҷикистон Қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м, собиқ Қуллаи Коммунизм) аст.

Дар Тоҷикистон намояндагони зиёда аз 80 халқиятҳои гуногун, тоҷикон (80%), ӯзбекон (15,3%), русҳо (1,1%), татарҳо (0,3%) ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

Пойтахти Тоҷикистоншаҳри Душанбе, бо аҳолии 562 ҳазор сокинон аст.

Забони давлатӣ тоҷикӣ (ба гурӯҳи забонҳои форсӣ тааллуқ дорад) буда, русӣ ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширатии байналхалқӣ ва корӣ шинохта шудаанд.

Иқлими Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳои кӯҳӣ, ки дар нимкурраи ҷанубии замин ҷойгиранд, хело гуногун аст: дар водиҳо субтропикӣ, ва дар доманакӯҳҳо гарм ва дар кӯҳҳо сард мебошад.

Таджикистан – минтақаи дорои табиати гуногуни ба худ хос аст. 93% масоҳати Тоҷикистон бо кӯҳҳо фаро гирифта шудаанд, ки дар Осиёи Миёна аз ҳама зеботарин ба ҳисоб мераванд.

Мамлакат дорои меъроси бойи таърихӣ, фарҳанги хос, макони мусоиди ҷуғрофии ҷойгиршавӣ, табиати гуворо, олами бойи набототу ҳайвонот аст.

Тоҷикистонкомилан мамлакати беҳамто аст, ки дар он одамони софдилу меҳмондӯст умр ба сар мебаранд.

loading