Санаи таъсисëбӣ
2008
Мӯҳлати эътибор
50 сол
Масоҳати умумӣ
320 га
Бино ва иншоотҳои анҷомёфта 168 га
Заминҳо барои
сохтмон 152 га
Арзиши замин
1 м2 = 0,50 $/год
Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 ҳамчун минтақаи маҳдуди ш. Хуҷанд бо мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои иқтисодӣ барои доираҳои соҳибкориву сармоягузории ватаниву хориҷӣ ташкил карда шудааст.
Мои «Суғд» шакли истеҳсолӣ-инноватсионӣ буда, бо масоҳати умумии 320 га ба мӯҳлати 50 сол таъсис дода шудааст.
Дар ҳудуди МОИ “Суғд” низоми махсуси гумрукӣ ва андоз, инчунин тартиби соддакардашудаи бақайдгирии субъектҳо (корхонаҳо) амал мекунанд. Дахолати мақомотҳои давлатӣ ба фаъолияти молиявиву хоҷагидории субъектҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, манъ карда шудааст.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҳудуди МОИ “Суғд” вазифаи идоракуниро Маъмурияти МОИ, таҳти роҳбарии Роҳбари он иҷро мекунад.