Инфрасохтор

Фурудгоҳи байналмиллалӣ
“Хуҷанд”

Истгоҳи роҳи оҳан “Хуҷанд” ва “Спитамен”

Роҳи автомобилгарди байналхалқӣ
“Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”

Ба ғайр аз шароитҳои мусоиди махсус барои бақайдгирӣ, имтиёзҳо ба андозбандӣ ва боҷи гумрукӣ, ба субъектҳои (корхонаҳои) МОИ манбаъҳои иловагӣ барои пешбурди бизнес фароҳам оварда мешавад.

Қитъаҳои замин

Субъектҳо имконияти аз иншоотҳо барои офис ва анборҳо доранд, ки ба таври назаррас хароҷотҳои сармоягузорро кам менамояд.

Дар айни замон ҳудуди МОИ дорои 183, 14 га қитъаҳои замини холӣ барои сохтмонҳои нав ба рушди инфрасохтор мебошад.

Бинову иншоотҳо, ки дар ҳудуди МОИ ҷойгиранд, моликияти хусусии МОИ намебошанд. Онҳоро ба иҷро гирифтан, ё ин ки харидорӣ кардан мумкин.

Ҳамаи ин ба сармоягузор имконияти ба бизнеси худ ҷои муносиб интихоб намуданро, бо назардошти шарту шароит ва талаботҳои логистикии бизнесаш медиҳад.

Иҷораи қитъаи замини холӣ 0,50 дол./ 1 кв.м дар як сол
Иҷораи иншооти тайёр Аз рӯи гуфтушунид бо соҳибмулк
Харидории иншооти тайёр Аз рӯи гуфтушунид бо соҳибмулк

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони марҳилавии инфрасохтор ва барқарорсозии хатҳои мавҷудбудаи алоқаи МОИ маблағ ҷудо менамояд.

Дастрасӣ ба нерӯи барқ

Ду истгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд”, бо тавоноии 60 МВт метавонанд ҳамаи эҳтиёҷоти корхонаҳоро ба барқ қонеъ намоянд. Алоқаи оптикӣ-ноқилӣ дастрасӣ ба интернет ва наздиктарин истгоҳҳои АТС-ро дар ҳудуди МОИ медиҳанд.

Дидбонгоҳи гумрук

Низоми минтақаи озоди гумрукӣ имконияти воридкунии молҳои хориҷиро бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва ААИ медиҳанд. Дидбонгоҳи гумрукӣ, ки дар ҳудуди МОИ ҷойгир аст, имконияти сарфа намудани вақти барасмиятдарории гумрукиро медиҳад.

Нуқтаи назорати омаду рафти нақлиёт дар даромадгоҳи МОИ бо таҷҳизоти замонавии соҳа таъмин аст.

 

Лоиҳаҳои амалкунандаи афзалиятноки МОИ “Суғд”

Роҳи оҳан

Айни замон корҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони хати роҳи оҳан аз истгоҳи “Спитамен” то МОИ “Суғд”, ки дарозиаш 22 км мебошад ва имконияти мустаҳкам намудани ҳамкории тиҷоратиро байни давлатҳои Осиёи Миёна, Россия, Хитой, Иттиҳоди Аврупо, Шарқи наздик, Ҳиндӯстон, Эрон ва Афғонистон медиҳад, рафта истодаанд. Лоиҳаи мазкур қисми ҷузъии лоиҳаи минтақавӣ оид ба сохтмони роҳи оҳан бо дарозии 140 км то бузаргтарин кони нуқра Кони Калони Мансур мебошад.

Маркзи логистикӣ

Стратегияи рушди МОИ “Суғд” сохтмони маркази логистикӣтраеспортиро бо масоҳати 19,20 га дар ҳудуди МОИ пешбинӣ намудааст. Ба субъектҳо маҷмуи хизматрасониҳои логистикӣ (боркашонӣ, нигоҳдорӣ, бастабандӣ) тозакунии гумрукии борҳо расонида мешаввад.

Маркази дастгирии бизнес ва навоварӣ

Дар ҳудуди МОИ “Суғд” ташкил намудани маркази дастгирии бизнес ва навоварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хизматрасониҳои асосии марказ:

  • Хизматрасониҳои таълимӣ барои баланд бардоштани малкаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ;
  • Хизматрасониҳои машваратӣ барои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
  • Хизматрасониҳои аудит, баҳогузорӣ, муҳосибот ва ҳуқуқӣ;
  • Ҷустуҷӯи технологияҳои инноватсионӣ, гузаронидани тадқиқотҳои маркетингӣ ва инлмӣ-техникӣ;
  • Ҷустуҷӯи шарикон, ширкатҳои машваратӣ ва молиявӣ барои амалигардонии бизнес ғояҳо.

 

Шахсони ҳавасманд ҷиҳати иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои мазкур метавонанд бо телефони (+992 44) 630-11-90 ва ё почтаи электронии inter@fezsughd.tj метавонанд муроҷиат намоянд.

loading