Хуҷанд – шаҳр дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази маъмурии вилояти Суғд аст. Дар водии серҷилоъи дарёи Сир дар баландии зиёда аз 300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Хуҷанд – калонтарин маркази саноатӣ ва мадании шимоли Тоҷикистон буда, дуюмин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон бо аҳолии зиёда аз 168 ҳазор сокинон (2013 сол). Дар ин шаҳр намояндагони зиёда аз 20 халқиятҳо умр ба сар мебаранд.

Айни замон Хуҷанд нуқтаи муҳими пайвандгари нақлиётӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба ҳисоб меравад.

Фурудгоҳи байламилалии “Хуҷанд”

Дар вилояти Суғд, 12 км дуртар аз ш. Хуҷанд фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” (LBD) амал мекунад. Фурудгоҳ ба зиёда аз 600 ҳазор мусофирон дар як сол хизмат мерасонад. Аз фурудгоҳи Хуҷанд парвозии доимӣ ба самти кишварҳои ИДМ, Ҳиндӯстон, Хитой ва АМА ба роҳ монда шудааст.

Истгоҳи роҳи оҳан

Дар шаҳри Хуҷанд истгоҳи бузурги роҳи оҳан ҷойгир аст, ки вилоятро бо ҷануби Тоҷикистон, инчунин бо дигар гӯшаву канорои хориҷу дуру наздик мепайвандад. Дарозии умумии роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон 943 км ташкил дода, 678 км онҳо роҳҳои асосӣ маҳсуб мегарданд. Қисми зиёди ҳамлу нақли байналмилалии бор ба саҳми роҳи оҳан рост меояд.

На сегодняшний день в рамках трехстороннего сотрудничества началось строительство новой железной дороги соединяющей Туркменистан, Таджикистан и Афганистан.

Роҳи нақлиёт

Аз ҳудуди вилояти Суғд роҳҳои автомобилгарди асосӣ, ки ба воситаи онҳо ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ ба амал бароварда мешавад, мегузаранд. Аз қаламрави вилоят роҳи автомобилгарди Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ бо дарозии 354 км, минтақаҳои ҷанубу шимоли кишварро бо ҳам мевайндад, мегузарад.

Роҳи автомобилгарди Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ дорои якчанд нақбҳо бо дарозии умумии 10 км мебошад. Роҳи мазкур соли 2010 аз нав таъмир ва баистифодабарӣ дода шуда буд.

Айни замон барқарорсозии роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент, ки дарозиаш 114 км аст давом дорад. Роҳи автомобилгарди мазкур барои пешбурди иқтисодиёти кишвар аҳамияти стратегӣ дошта, имкониятӣ баромадан ба ш. Самарқанд ва пайвастшавиро ба магистрали АН -7-и Осиё медиҳад.

loading